Бозор Собир дар Маскав

Як манбаи огоҳ дар дастгоҳи ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст, ки шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собирро, ки як моҳ боз дар бистари беморӣ қарор дорад, дар ин ҳафта аз  шаҳри Сиэттли Амрико ба Маскав оварда, дар яке аз бемористонҳои пойтахти Русия хобондаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, интиқоли шоир аз Амрико ба Маскав бо дастури президенти Тоҷикистон сурат гирифтааст: «Ҳанӯз вақте ки Бозор Собир дар шуъбаи реаниматсияи бемористони Сиэттл буд, анализҳои ӯро барои ташхис ба Олмону Маскав фиристода буданд ва қарор шуд, ки ӯро дар Маскав ташхис ва дар сурати лозим, табобат кунанд. Баъди анҷоми ин ташхису табобат устод Бозор Собирро, тавре президент Эмомалӣ Раҳмон амр дода буд, ба Ватан меоранд.”

Аҳволи саломатии Бозор Собир, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ ба синни 80 мерасад, дар ин авохир бад шуда ва ӯ имсол ду маротиба дар бемористони Сиэттли Амрико бистарӣ шуд. Бори охир Бозор Собирро дар поёни моҳи март бо бемории варами шуш ва роҳҳои нафас дар шуъбаи реаниматсияи бемористони Сиэттл бистарӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *