Аробаи Ҳасани Аробакаш. Он дар Хуҷанд пайдо шуд

Яке аз гӯшаҳои таърихии шаҳри Хуҷанд Осорхонаи Анора аст. Он дар як гӯшаи шаҳри қадима ҷой гирифта, роҳбарии онро ҳомии фарҳанг Нозимҷон Усмонов ба зимма дорад.

Тайи 15 соли охир Усмонов Нозимҷон аз гирду гӯшаи диёрамон ва хориҷа ҳазорҳо нигораи таърихӣ ва осори ҳунарҳои мардумиро гирд овардааст. Тамошои дастнавису китобҳои қадима касро ба хаёлот ва дунёи пурасрори гузаштаи ниёгонамон мебарад.

Нозимҷон Усмонов осорхонаро ба номи модараш зиндаёд Анора Усмонова номгузорӣ намудааст.

Аз Осорхонаи Анора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарҳангиёни кишвар ва меҳмонони зиёди хориҷӣ дидан намуда, баҳои баланд додаанд. Албатта ин осорхона таваҷҷуҳи хосаи МИҲД-и вилояти Суғд ва мутасаддиёни фарҳангро тақозо дорад. Зеро зарур аст, ки осорхона ҳаматарафа ҳифз гардида, барои бештар ҷолиб гардидани тамошои он бино бояд васеъ гардида, чораҳои мушаххаси муҳофизатӣ дида шавад.

Дар Осорхонаи Анора назарам ба як аробаи куҳнаи нодире афтод. Аз Нозимҷон Усмонов пурсон шудам, ки ин ароба кай пайдо шудааст?

— Ин ароба нодиру таърихӣ мебошад. Охир, ин ҳамон аробаест, ки дар филми ҳунарии «Ҳасани аробакаш» наворбардорӣ гардидааст. Дар ин ароба устод Турсунзода савор шудааст. Худи ароба қадре таъмир гардида, чун ёдгорӣ аз филми “Ҳасани аробакаш” ва садову шиҳаи саманди бодпо Рахш то ҳол боқӣ мондааст,- посух дод ӯ.

Маҷид САЛИМ, нависанда

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *