Ташналабонем. Ҷои оббозӣ надорем!

Тобистони имсола гарм омад. Ташналабон худро ба канори об мекашанд. Манзур ташнагони оббозӣ. Аммо лаби ҳавзу дарёҳо деворбанданд. Ҳатто дар лаби рӯди Варзоб болои санге нишинӣ, фарёд мекашанд: “Пулаша те, ин санги ман аст!”.

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки оббозӣ дар пойтахти Тоҷикистон машғулияти сарватмандон аст. Сокинони оддӣ ба чунин неъмат дастрасӣ надоранд…Аз раёсати варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Тоҷикистон”хабар доданд, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе 10 ҳавзи шиноварӣ фаъолият мекунанд:

— 3 ҳавзи шиноварӣ дар Қасри шиноварӣ;

— 2 ҳавзи шиноварӣ дар аквапарки “Обшорон”;

— 2 ҳавзи шиноварӣ дар мактаби махсуси варзишии №4;

— 1 ҳавзи шиноварӣ дар аквапарки “Делфин”;

— 1 ҳавзи шиноварӣ дар “Текстил”.

Ягона ҳавзи шиноварии “Текстил”, ки ба Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тобеъ аст, он ҳам барои сокинон пулакӣ хизмат мерасонад. Яъне дар шаҳри Душанбе ва атрофи он макони оббозии ройгон барои сокинон мавҷуд нест. Ҳол он ки аҳолии пойтахти кишвар шояд ба беш аз 1 млн расида бошад.

Дар тафси ҳаво натанҳо кӯдакон, балки калонсолон чун моҳии ба канори об афтода нафас мекашанд. Афсӯс, бо нархои миёншикан на ҳама метавонанд ба ҳавзҳо дастрасӣ пайдо кунанд.

Мо барои мисол чанд ҳавзи шиновариро боздид кардем.

Дар ҳавзи шиноварии меҳмонхонаи “Тоҷикистон” нархи якдафъаинаи оббозӣ барои калонсолон 100 ва барои кӯдакон 50 сомонӣ аст.

Фитнес-клуб XFIT, барои калонсолон 150, барои хурдсолон 100 сомонӣ;

Аквапарки “Делфин”, барои калонсолон 95, барои кӯдакон 40 сомонӣ (барои 4 соат);

Аквапарки “Обшорон”, барои калонсолон 50, барои кӯдакон 30 сомонӣ (барои 4 соат).

Биёед солҳои қаблро пеши назар меорем, ки вазъият чӣ гуна буд. Дар Душанбе кӯлҳои зиёди ройгон барои сокинони пойтахт хизмат мекарданд:

— Кӯли комсомол;

— Кӯли Варзоб;

— 2 кӯли баромадгоҳи шаҳри Душанбе ба ҷониби шимол;

— кӯлҳои боғи Дӯстии халқҳо;

— силсилакӯлҳои қисмати ҷанубии шаҳр (ҷониби Бохтар);

— ҳавзҳои хурди оббозӣ дар баъзе маҳаллаҳои Душанбешаҳр…

Ин ҳамаро хариданд ва пулакӣ карданд. Мардуме, ки бо маош зиндагӣ доранд, камбизоатанд, худашон ва фарзандонашон дар таътили тобистона куҷо рафтанашонро намедонанд!

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

P.S. Шояд ба нақшаи сохтмони маҳаллаҳо, дар баробари майдонҳои варзиш ҳавзҳои шиноварӣ барои кӯдакон ба нақша гирифта шавад? Фаромӯш набояд кард, ки собиқ замони Шӯравӣ сокинони Душанбе бародарон Лобановҳо чемпиони чандкаратаи бозиҳои олимпӣ буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *