Ҳарорати ҳаво боз баланд мешавад

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорати шабона муътадил боқӣ мемонад ва  рӯзона ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ 1-2 дараҷа баланд мегардад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 7 август идома хоҳад ёфт.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шабона +13+18 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона 15+20 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +16+18 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *