Ҳарорати ҳаво имрӯз паст мешавад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр ва бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол аз самти шарқ то 10-15 метр дар як сония мерасад. Ҳарорат шабона то 2-3 ва рӯзона то 1-2 дараҷа паст мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 8+13, рӯзона 25-30 ва дар шарқи ин вилоят шабона 0-5 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +12 +17 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, шабона +14+16 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ