Суғд: 2180  оилабарҳам хӯрду 1538 кӯдак нимятим монд

Давоми 6 моҳи соли 2018 дар вилояти Суғд 8768 оила барпо шуда, дар ин муддат 2181 оила барҳам хӯрдааст.  Ба гуфти сардори шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд  Муқаддам Ҳошимзода аз 2180 адад  сабти бекоркунии никоҳи оилаҳо 1345 адад бо қарори суди шаҳру ноҳияҳо ҷудо шудаанд:-

“Дар натиҷаи ин ҷудошавиҳо 1538 кӯдакони ноболиғ аз тарбия ва меҳру муҳаббати яке аз тарафҳо (падар ё модар) дур монанд. Пошхӯрии оилаҳо бештар шаҳрҳу ноҳияҳои Панҷакент, Исфара,  Истаравшан,  Бобоҷон Ғафуров,  Деваштич ва Ашт ба қайд гирифта шудааст”- афзуд Ҳошимзода.

                                                                                                                                           Фарзона Муродӣ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *