Ҳарорати ҳаво паст мешавад

То охири моҳи сентябр дар баъзе ноҳияҳои кишвар ҳавои ноустувор, пастшавии ҳарорат, бориши боронҳои кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани барф дар баландии 3000 метр пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз, 19 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат чун рӯзҳои қаблӣ бетағйир боқӣ мемонад. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона 35 ва дар доманакӯҳҳо то ба 30 дараҷа мерасад. Ҳаво дар шимоли кишвар тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо рӯзона 28-33 ва дар доманакӯҳҳо то 25 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

Обуҳавошиносони кишвар барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки боронию барфро пешгӯӣ мекунанд. Боридани барфу борон асосан дар баландии беш аз 3000 метр дар назар дошта шудааст. Гармии ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят 20-25 ва дар шарқи ҳамин вилоят 8-13 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои тағйирёбандаи беборишро пешбинӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат бетағйир боқӣ монда, рӯзона ба 35 ва дар доманкӯҳҳо ба 28 дараҷа мерасад.

Дар Душанбе ҳавои чун рӯзҳои қаблӣ тағйирёбандаи беборишро  дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст гашта, шабона ба 11-13 ва рӯзона ба 31-33 дараҷа мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *