Фаридун Алланазаров – ғолиби самбои ҷангӣ (Ведио)

Як  варзишгари  22 -солаи тоҷик, ки бо нияти коркунӣ ва давом додани фаъолияти варзишӣ  ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намудааст, бори аввал дар мусобиқаи байналмилалӣ  оид ба самбои касбии ҷангӣ барои дарёфти “Летний кубок” ширкат варзида,  ғолибият ба даст овардааст.

Дар ин мусобиқа самбочиён аз кишварҳои  Русия, Ҷопон, Украина,  Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат намуданд.

Номбурда,  Алланазаров Фаридун  мебошад, ки моҳи август дар вазни 74 кг дар мусобиқаи   байналмилалӣ  бахшида ба 30-солагии самбои касбии ҷангӣ  рақибонашро шикаст дода, 2 медал ба даст овардааст.

Бори дуюм дар ҳамин намуди варзиш дар таърихи 03.09.2017 дар мусобиқа ширкат варзида, соҳиби медал ва ҷом гашта, бори сеюм дар шаҳри номбурда боз дар мусобиқаи самбои ҷангӣ ширкат варзида, шоҳҷоиза — Ҷоми музаффариятро сазовор  гардидааст.

Тавре ба хабарнигори сомонаи “tajikistantimes.tj” худи Фаридун хабар дод: “пеш аз ин дар ду мусобиқаи оид ба самбои ҷангӣ дар Душанбе иштирок намуда, ғолиби ҷойи аввал гардида, баъд бо мақсади кор ва машқ ба Санкт-Петербург омада, то ҳол дар мусобиқаҳои «Муҳорибаҳои тан ба тан» ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намудам”.

Дар охир Фаридун иброз намуд, ки дар ин мусобиқа ӯро дӯсташ Файёз Ашуров дастгирӣ мекунад ва орзуи ягонаи мо баланд бардоштани парчами Тоҷикистон аст.

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *