Арзи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин

Дирӯз, 7 январ, дар минтақаи худмухтори Тибети Чин заминларзаи шиддати 6,8 ба амал омад. Бар асари офати табиӣ, то шом шумораи ҳалокшудагон ба 126 нафар ва маҷруҳон ба 188 нафар расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар иртибот ба ин заминларзаи харобиовар ба раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Си Ҷинпин, барқияи тасаллият ирсол намуд.

Дар паёми худ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори таассуфи амиқ аз талафоти зиёд ва хисороти калон намуда, ба хонаводаҳои қурбониён, наздикон ва мардуми Чин ҳамдардии самимии худро баён кард.

Президенти Тоҷикистон барои зарардидагон шифои комил ва барои гузарондани ин рӯзҳои мушкил қуввату сабр орзу намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *