Асад гирифтори коронавирус шуд
Президенти Сурия Башор Асад гирифтори коронавирус шудааст, иттилоъ додааст роҳбари дафтари матбуоти президент дар сафҳаи Twitter-иаш.
Якҷоя бо Асад, ҳамсараш Асма ал-Асад низ ба коронавирус гирифтор шудааст.
«Пас аз эҳсоси нишонаҳои сабуки COVID-19, президент Башор Асад ва ҳамсари ӯ аз санҷиш гузаштанд. Натиҷа нишон дод, ки онҳо ба ин вирус сироят ёфтанд», — омадааст дар хабари хадамоти матбуотии роҳбари ин давлат.
Маълум шудааст, ки ҳоло вазъи саломатии президенти Сурия ва хонуми ӯ хуб аст.
Ҳафтаҳои наздик Башор ва Асма Асад дар хона хоҳанд монд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ