Манижа аз номи Русия дар “Евроведение”суруд мехонад

Манижа Сангини 30-сола дар Маскав зиндагӣ мекунад ва бештар бо таронаву фаъолиятҳои иҷтимоиаш машҳур аст

Овозхони зодаи Тоҷикистон дар озмуни имсолаи Eurovision (Евровидение), ки моҳи май баргузор хоҳад шуд, аз Русия намояндагӣ мекунад.
Расонаҳои Русия рӯзи 8-уми март навиштанд, Манижа Сангин дар Роттердам таронаи Russian Woman-ро хоҳад хонд. Соли гузашта бояд гуруҳи Little Big дар «Евровидение» Русияро намояндагӣ мекард, вале бо сабабаи пандемия коронавирус озмун баргузор нашуд.
Манижа Сангини 30-сола дар Маскав зиндагӣ мекунад ва бештар бо таронаву фаъолиятҳои иҷтимоиаш машҳур аст. Яке аз таронаҳои маъруфи ӯ дар бораи муҳоҷирон – «Недославянка» – аст, ки тақрибан ду сол пеш муаррифӣ шуд ва шароиту эҳсосоти пурчолиши як муҳоҷирро дар Русия дар шеваи танзу фоҷиа баён кард.
Айни замон худи ӯ сафири ҳусни нияти намояндагии Оҷонси Созмони Милал дар умури паноҳандагон ё UNHCR дар Русия аст, хабар додааст “Озодӣ”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *