Ҷасади Сайрамро ёфтанд. Аз кудаконаш ҳанӯз дараке нест…

Ҷасади Сайрам Холова,  сокини деҳаи Сунбулаи Ҳисорро, ки рӯзи 8 май худро ҳамроҳи ду кӯдаки хурсолаш ба дарёи Кофарниҳон партофта, худкушӣ карда буд, субҳи 14 май аз паҳлуи истгоҳи насоси об дар деҳаи Ҳалқарӯди ҷамоати Ориён пайдо карданд.

Ҷасадҳои кӯдакони ӯ – Суҳбатуллои чорсола ва Неъматуллои дусоларо то ҳол пайдо накардаанд.Сокинони ҷамоати Ориёни Ҳисор хабар доданд, ки субҳи 14 май, соати тақрибан 7, ҷасади Сайрам Холова, сокини деҳаи Сунбуларо дар назди истгоҳи насоси оби Иттиҳодияи истифодабардандони оби ҷамоати Ориён дар деҳаи Ҳалқарӯди ҳамин ҷамоат пайдо кардаанд.Ба гуфтаи шоҳидоне, ки аз об берун кашидани ҷасадро ба чашм дидаанд, дар бадани Сайрам Холова осори зиёди захм дида мешуд. Ташхисгарон гуфтаанд, эҳтимол меравад, ки баъзе аз ин захмҳо ҳанӯз то замони дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудани Сайрам Холова расонда шудаанд.Хешовандони ӯ мегӯянд, ки Сайрам Холова аз бадрафторӣ ва азобу уқубати шавҳараш ба ҷон омада, рӯзи 8 май худрову ду кӯдакашро ба дарё партофт.Ҷасадҳои фарзандони ин зан — Суҳбатуллои чорсола ва Неъматуллои дусоларо ҳанӯз пайдо накардаанд.Сайрам Холова аввал кӯдаки калониаш – Суҳбатуллои чорсоларо ба дарё партофта, сипас худашро ҳамроҳи Неъматуллои дусола, ки ӯро бо миёнбанд дар миёнаш баста буд, ба дарё андохтааст.Ҷасади Сайрам Холоваро соати нуҳи субҳи 14 май аз Ҳалқарӯд барои анҷом ташхис ба шаҳри Ҳисор бурданд. Сокинони Сунбула мегӯянд, то соати се ҳанӯз ҷасади Сайрам Холоваро барои гӯручӯб наоварда буданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *