“Генерали мардумӣ” чанд сол мегирад?

Прокуратураи генералии  Тоҷикистон тафтиши парвандаи Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Қиёмиддин Ғозиев), як бозмондаи ҷанги шаҳрвандии  солҳои 1990-умро ба анҷом расонидааст.

Ӯ моҳи ноябри соли гузашта дар Санкт-Петербурги Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.Дар хулосаҳои тафтишот гуфта мешавад, ки Саид Қиёмиддини Ғозии 66-сола ба “барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ”, “узвият дар ҳизби экстремистию террористӣ” ва “кӯмаку маблағгузории терроризм” гумонбар мешавад. Як манбаъ иттилоъ додааст,ки  тафтиши парвандаи ӯ пурра анҷом ёфтааст ва базудӣ барои баррасӣ ба суд ирсол мешавад.Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҷараёни боздошташ, ки 6 моҳ идома дошт, Саид Қиёмиддини Ғозӣ бо тафтишот ҳамкорӣ кардааст, аз ин рӯ, “суд  бояд ҳамкориву иқрор шуданаш ба иттиҳомотро ҳангоми эълони ҳукм бояд ба эътибор бигирад”. Аммо ин манбаъ ҷузъиёти “ҳамкории Саид Қиёмиддини Ғозӣ бо тафтишот”-ро шарҳ надодааст. Пайвандонаш қаблан гуфта буданд, ки аз ҷузъиёти иттиҳоми эълоншуда алайҳи ӯ хабар надоранд. Ба гуфтаи назидконаш, Қиёмиддин Ғозиев моҳи ноябр, замоне, ки тариқи Истанбул аз Эрон ба Русия бармегашт, аз ҷониби неруҳои амниятии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуда, ба Тоҷикистон истирдод шуд.Анҷоми тафтиши парвандаи ин рӯҳонӣ дар ҳолест, ки ду рӯз пеш президент Эмомалӣ Раҳмон дар як мулоқоташ бо аҳли ҷомеаи кишвар зимни интиқод аз ҲНИТ ва пайравии ин ҳизби мамнӯъ аз мазҳаби шиа, ба қазияи Саид Қиёмиддини Ғозӣ ҳам ҷудогона муроҷиат кард. Ӯ аз минбари маҷлис гуфт:“Ба ном генерал Қиёмиддин, мулло Қиёмиддини Ғозималик, яке аз сабабгорони бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум дастгир карда шуд. Ҷайбҳо пури доллари кишвари дар нохунак дӯсти мо. Боз барои ҳамон амалҳои нопоки худ. Худаш иқрор аст, ки ҳамин қадар сол мазҳаби шиаро қабул кардааст ва пурра бо супориши сохтори ҷосусии он кишвар зидди миллати тоҷик кор кардааст”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *