Ҷасади тоҷик аз Афғонистон пайдо карда шуд

Ҷасади Зуҳуршоҳ Ҷалолови 28-сола, сокини деҳаи Сайроби ҷамоати Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ баъди панҷ рӯзи нопадид шуданаш рӯзи 30-юми декабр аз вулусволии Янги-Қалъаи вилояти Тахори Афғонистон ёфт шуд ва ӯро наздиконаш аз он сӯи марз ба зодгоҳаш оварданд.

Аммо то кунун дақиқ нест, ки Зуҳуршоҳ ба он сӯи марз чигуна ва ба чӣ хотир гузаштааст. Шараф Ҷалолов, бародари калонии Зуҳуршоҳ рӯзи 3-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи пеш аз ғайб заданаш хоҳиш карда буд, то барояш кулча бипазанд, зеро мехоҳад ба Душанбе биравад. Шараф Ҷалолов афзуд, ки бо қасди сафар ба Душанбе аз хона берун рафт ва ба ҳамин тамосаш қатъ шуд. Бинобар ин, онҳо барои пайдо карданаш ба пулис муроҷиат карданд.

Ӯ мегӯяд, ки ҳеҷ нишонаҳои худкушӣ ё марги маҷбурӣ дар бадани бародараш дида нашуд. “Хабар доданд, ки ҷасадашро дар он тараф пайдо карданд. Мо ҳоло аниқ намедонем, ки ӯ чаро мехост ба Афғонистон биравад. Сарҳадбонон иҷоза доданд, бо асп як ҳамедаҳаамон ҷасадро овард. Одаме, ки худашро куштанӣ меравад, мегӯяд, бароям кулча кунед? ”-гуфт ӯ.

Дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин ҳодиса барои убури ғайриқонунии марз парванда боз шудааст ва тафтиши онро додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ пеш мебарад. «Ғарқшавӣ» ва «аз сардӣ мурдан» ҳоло фарзияҳои аввалин дар марги ин сокини Ҳамадонӣ дониста мешаванд, чун осори худкушӣ ва ё ба қатл расонидан дар ҷасади ӯ ба мушоҳида нарасидааст. Як манбаи огоҳ аз тафтиши парванда гуфт, ки дар мавриди ин шахс маълумоти шубҳаноке вуҷуд надошт ва ҳоло маълум нест, ки ӯ ба қасди пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангӣ ба он сӯи марз рафтааст ваё ба ҳадафи дигар.

Як манбаи дигар аз мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб, чоршанбеи 3-юми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хонаводааш баёнот додаанд, ки ӯ бемории рӯҳӣ дошт. Ин манбаъ гуфт, ки баъди кофтуков ва ирсоли аксаш ба ҷониби Афғонистон, ҷасадаш аз як биёбон дар вулусволии Янги-Қалъа вилояти Тахор пайдо шуд ва баъди иҷозаи сарҳадбонон, соҳибонаш ӯро бо асп аз он сӯи марз ба хонааш оварданд».

Аммо ин манбаъ аз ҷузъиёти бештар худдорӣ кард ва нагуфт, ки ин ҷасадро дар он сӯи марз кӣ пайдо кард ва чӣ тавр имкон дод, ки хешовандон ҷасади мардро аз хоки кишвари дигар ба ватан биёранд. Пайвандони ин ҷавон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мубтало ба бемории рӯҳӣ будани ӯро рад карданд.

Онҳо мегӯянд, ки бо эҳтимоли зиёд Зуҳуршо мехост ба Афғонистон равад, вале ғарқ шуда, дар он сӯи марз фавтидааст. Хонаводаи Зуҳуршоҳ Ҷалолов дар сӯҳбат гуфтанд, ки ӯ издивоҷ карда буд, аммо фарзанд надошт. Ба гуфтаи хонаводаи Ҷалоловҳо, ҷасади ӯро рӯзи 30-юми декабр шомгоҳон ба деҳа оварда, як рӯз баъд дафн карданд.

Ҷасади Зуҳуршоҳ Ҷалолов дар ҳоле дар он сӯи марз пайдо шуд, ки Ҳабиб Қарахонов, сокини дигар ин деҳот дар моҳи сентябри соли 2017 ва посбони ҳавзи подполковник Тоҷиддин Насриддинзода («Тоҷиддин-командир») аз сӯи қочоқбарони афғон рабурда шуда буд. Ҳабиб Қарахоновро баъди муроҷиати ҷониби Тоҷикистон мақомоти интизомии вилояти Тахори Афғонистон пас аз ду ҳафтаи асорат аз чанги қочоқчиён озод карда, ба ҷониби Тоҷикистон супурданд.

Зимнан, маҳале, ки ҷасади Зуҳуршоҳ Ҷалолов пайдо шуд, дар соҳили рӯди Панҷ ҷойгир буда, аз хатти сарҳад то як километр дурӣ дорад. Мақомоти тоҷик то ба ҳол ба таври расмӣ дар мавриди пайдо шудани ҷасади ин сокини ноҳияи Ҳамадонӣ чизе нагуфтаанд ва дақиқ нест, ки ӯ дар он сӯи марз дар кадом шароит фавтидааст.

Бознашр аз Озодӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *