БОЗДОШТИ ДАСТАИ ҒОРАТГАРОН ДАР ХОРУҒ

Мақомоти милиса 6 сокини шаҳри Хоруғро бо иттиҳоми дуздиву ғоратгарӣ дастгир кардаанд. Ин 6 нафари аксаран ҷавон ба он айбдор мешаванд, ки аз декабри соли 2016 ба ин тараф ба рӯи худ ниқоб кашида, мағозаву дӯконҳо, дорухонаҳо, инчунин чорвои мардумро ба ғорат мебурданд. Онҳо ба дуздии се яроқи пневматикӣ аз амбори Боғи Ғалаба низ гумонбар мешаванд.

Бино ба гузориши капитани милиса Далер Чоршанбиев, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон, вақтҳои дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он аз тарафи шахсони номаълум молу чорвои мардум ва дӯкону мағозаҳо дорухонаҳо мавриди дуздӣ қарор гирифта, ба мардум ва соҳибкорони маҳаллӣ зарари зиёд расид. Дар ин бобат ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳр аризаи шикоятӣ навишта, хостори пайдо кардан ва ба ҷавобгарӣ кашондани ин бандаи ғоратгарон шудаанд.

Вазорати дохила мегӯяд, боздоштшудаҳо дар ҷараёни бозпурсӣ ба дуздиҳои содиркардаи худ пурра иқрор гардиданд ва далели шайъӣ қисман аз онҳо гирифта шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *