Ашқобод ба Душанбе ду пешниҳод кард. Чӣ?

Сердар Бердимуҳамедов ва Эмомалӣ Раҳмон «харитаи роҳ»-ро таҳия карданд. Дар ин бора «Независимая газета» иттилоъ медиҳад.

Дирӯз дар пойтахти Тоҷикистон зимни музокироти сатҳи олӣ Ашқобод бо нишони дӯстӣ ба Душанбе ду пешниҳод кард: яке баромадан ба бандарҳои туркман дар баҳри Хазар ва дигаре сохтмони муштараки долони нави нақлиётӣ. Маҳз дар соҳаи нақлиёт ихтилофот байни кишварҳо вуҷуд дошт.

Ба гуфтаи президенти Туркманистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дастрасии мустақим ба Уқёнуси Ҷаҳонӣ надоранд, бояд барои ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз зерсохтори бандарии соҳили шарқии баҳри Хазар ба ҳадди аксар истифода кунанд. Бердимуҳамедов гуфт, кишвараш омода аст, ки истифодаи зарфиятҳои бандари туркмании Туркманбошӣ ба манофеи Тоҷикистонро бо шартҳои мусоид баррасӣ кунад.

Ёдовар мешавем, ки Сердар Бердимуҳамедов барои нахустин бор ба ҳайси Президенти Туркманистон аз Душанбе дидан кард. Ин сафар аслан рӯзҳои 10-11-уми апрел пешбинӣ шуда буд, аммо бинобар даргузашти бибии ӯ Оғулобат Бердимуҳамедова, ки рӯзи 7-уми апрел даргузашт, ба таъхир афтод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *