Ҳашари наврӯзии депутатҳо
Вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Дастгоҳи парлумони касбии мамлакат дар арафаи ҷашни Наврӯзи дилафрӯз ва 30-солагии истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон ба ҳашари умумихалқӣ баромаданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Дастгоҳи парлумони касбии мамлакат дар арафаи ҷашни Наврӯзи дилафрӯз ва 30-солагии истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон ба ҳашари умумихалқӣ баромаданд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, дар ин раванд вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва ободкорӣ баҳри он ҷиду ҷаҳд доранд, ки санаи барои миллати тоҷик тақдирсозро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.
Баҳри ин мақсади наҷиб бо иқдоми бевоситаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар парлумони касбии мамлакат имрӯз таҳти унвони «Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, ки мекунад» ҳашари умумихалқӣ доир гардид.
Дар хашари мазкур зиёда аз 100 нафар кормандони Дастгоҳ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ширкат доштанд. Кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо рухияи болида ва шукргузори аз сиёсати хирадмандонаи Хукумати Чумхурии Точикистон чун яктан барои тоза кардани бехи дарахтон, хоки замини макони фароғатиро канда аз ғалбер гузаронида, сангу шағали онро ҷудо намуданд ва ба таъмиру тармими бинои Маҷлиси намояндагон камари химмат бастанд. Иттифокӣ, ҳамбастагӣ ва пайрави аз тадбирхои нек ва муттахиди дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат нишон дод, ки масъулини Маҷлиси намояндагон нисбат ба корхои неку созанда бетараф нестанд ва хамеша омодаанд сахми худро дар ин кори хайр гузоранд.
«Ҳар як ҷавони ба ору номӯси Маҷлиси намояндагон тасмим гирифтааст, ки дар зебо ва обод гардонидани ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорад ва ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намояд.
Ҳадафи дигари чорабинии мазкур тақвиятиҳхисси ватандустиву худшиносии милли, бедор намудани ифтихори ватандори, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондустӣ, якдили, якмароми, баробариву бародари ва тахкими сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад», афзуд дар анҷом Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизроб Кабиров.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ