Ҷашни Меҳрагон 15-уми октябр ва ҷашни Сада 31-уми январи ҳар сол баргузор хоҳанд гардид

Аввали моҳи октябри соли 2017 Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири фарҳангии Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамроҳи Орумбекзода Шамсиддин Шодибек, вазири фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоте, ки бо чанд хабарнигор дар Париж доштанд эълом намуданд, ки бино ба пешниҳоди кишвари Тоҷикистон ҷашни Меҳргон ва ҷашни Сада, ки дар баробари Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои бостонии тоҷику форс мебошанд, барои ин ки дар радифи асарҳои ҷаҳонии Созмони Юнеско қарор гиранд, ба ин Созмони ҷаҳонӣ пешниҳод гардиданд.

Бино ба ин гузориш, ҷашни Меҳргон 15-уми октябр ва ҷашни Сада 31-уми январи ҳар сол баргузор хоҳанд гардид.

Лозим ба ёдоварист ҷашни Меҳргон, ки дар даврони куҳан аз ҷумлаи ҷашнҳои муҳим ба шумор меомад, дар нахустин рӯзҳои замистон ва ҷашни Сада дар сад шабонарӯз пеш аз Наврӯз анҷом мешуд.

Дар тӯли замон, ҷашни Меҳргон ҷойи ҷашни дигар, ки Тирагон ном доштро гирифт ва акнун ҳарду ҷашн бо номи Меҳргон дар як замон таҷлил мегарданд.

Ҳомидҷон Назаров, сафири Тоҷикистон дар Фаронса, мизбони ин барнома буданд.

جشن مهرگان در روز ١٥ ماه اكتبر هرسال و جشن سده در روز ٣١ ماه ژانويه هر سال برگزار خواهد گرديد

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *