Абдуғаффори Камол: Маросиму анъанаҳоямон акнун нав исломӣ шуданд

Дирӯз маросими фотеҳа дар хонаи устоди зиндаёд Худойӣ Шарифзода буд. Одамони зиёде меомаданду андак менишастанд, як қории хушовоз пораҳое аз Каломуллоҳ қироат мекард. Аҷаб фазои маънавӣ ва рӯҳоние буд! Эҳсос кардам, ки маросиму анъанаҳоямон акнун нав исломӣ шуданд. Он тарзе, ки мо қаблан маросим мегузарондем, ба ҷуз Тоҷикистону Узбекистон ва каму беш Қирғизистон, дар ҳеҷ ҷое аз ҷаҳони ислом набуд.

Абдуғаффори КАМОЛ

ЯК МУШОҲИДА

Дирӯз маросими фотеҳа дар хонаи устоди зиндаёд Худойӣ Шарифзода буд. Одамони зиёде меомаданду андак менишастанд, як қории хушовоз пораҳое аз Каломуллоҳ қироат мекард. Ҳозирин бо лаҳзае андеша ва ёди он устоди бузург, худоҳофизӣ мекарданду мерафтанд… ва боз дигарон меомаданду мерафтанд. Аҷаб фазои маънавӣ ва рӯҳоние буд!
Барои як лаҳза ба ёди гузаштаҳо рафтам ва бо худ гуфтам, агар ин маросим қабл аз Қонуни танзим мебуд, ҳоло ин ҷо чӣ хабар буд? Дастурхонҳои пураз хӯрданию нӯшиданӣ, одамоне, ки саросема менишинанду мехӯранду менӯшанду мераванд, иддае хӯрда истодаанду иддаи дигар рост истода, мунтазири холӣ шуданӣ курсие дар атрофи мизе, то зуд он ҷоро ишғол карда, низ бихӯранду бинӯшанд.

Муҳимтарин гирифтории соҳибони майит ин буд, ки кӣ омаду кӣ наомад, фалон одами муҳим дар куҷо нишаст, чӣ хӯрд, дастурхонаш чӣ тур буд, оё дар шаънаш буд ё иззаташ ба ҷой наомад???

Дар он тарафи хона ҳам зпнҳо маҳшаре доштанд: кадом зан бо чӣ гуна дастурхон омад, куҷо нишаст, чӣ овард, либоси овардааш чӣ гуна буд ва акнун ба ӯ чӣ бояд дод… Хулоса ҳазор дарди сару гирифторию нигаронию машғала. Дар ин миён марҳум ба ёди касе ҳам намерасид (на ба ёди соҳибонаш ва на ба ёди зиёфатхӯрон).
Акнун чӣ. Акнун ҳама ҷо оромиш, сукут, маънавият, андеша. Ҷо-ҷо садои Қур-он баланд мешаваду гӯшҳоро навозиш медиаҳд ва дилҳоро оромиш мебахшад, дигар — сукути мутлақ. Муҳити басо муносиб барои ёди марҳум, ёди марг, варақ задани номаи аъмоли худ ва омодагӣ барои чунин рӯзе, ки бехабар ба суроғи ҳар яки мо хоҳад омад…
Эҳсос кардам, ки маросиму анъанаҳоямон акнун нав исломӣ шуданд. Он тарзе, ки мо қаблан маросим мегузарондем, ба ҷуз Тоҷикистону Узбекистон ва каму беш Қирғизистон, дар ҳеҷ ҷое аз ҷаҳони ислом набуд. Боварӣ дорам, ки хеле зуд ин ду ҳамсоя ҳам ин суннати ҳасанаро аз мо хоҳанд гирифт ва пайравӣ хоҳанд кард.
Беихтиёр ин ҳадиси Паёмбар (с) ба ёдам расид, ки «Инналлоҳа лаязаъу бис-Султон мо ло язаъу бил-Қур-он”. Худованд ба воситаи Султон кореро ҷорӣ мекунад, ки ҳатто ба воситаи Қур-он намекунад. Ҷо дорад, ки бе ягон муболиға, аз самими дил, бо ҳарфҳои калон-калон ба Пешвои миллат барои ин ташаббус ва амалашон ТАШАККУР бигӯем.

Ҳаббазо ба роҳбаре, ки ниёзи миллаташро бештар ва пештар аз худи миллат дарк мекунад ва барояш чора месозад…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *