Ҷашни Наврўзи соли 2017 дар Париж
Сафорати Тоҷикистон ба намояндагӣ аз давлат ва мардуми Тоҷикистон, имсол ҷашни Наврўзро дар 24 марти 2017, дар маркази Париж, дар сохтмони зебое бо ширкати ҳунармандони тоҷик баргузор намуд. Дар ин барнома, ки намояндагони баъзе давлатҳо аз ҷумла, Русия, Эрон, Афғонистон ва баъзе аз кишварҳои Осиёи Миёна иштирок доштанд. Нахуст Ҳомидҷон Назаров, сафири Тоҷикистон дар Фаронса, пас аз хушомадгўйи меҳмонон дар бораи робитаи Фаронса бо Тоҷикистон ишора карда, иштироккунандагонро ба муносибати фаро расидани Наврўз ва ҳамчунин 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Пас аз он, намояндаи сафорати Русия ба унвони дўсти деринаи давлат ва мардуми Тоҷикистон, аз ин ки ин ҷашн дар маркази фарҳангии Русия дар Париж баргузор мешавад, сипосгузорӣ карда, табрикоти наврўзии худро баён намуд. Дар ин барнома ҳунармандон Абдувалӣ Абдурашидов, Шафақи Фаррухзод, Заррина Собирова ва Заррина Тоҷибоева ҳунарнамоӣ карданд.
Суратҳо аз ин барнома
Дастархони Наврўзӣ
Овезаи ҷашн
Суханронии муовини сафири Русия ва тарҷумаи суханронӣ тавассути бону Шафақи Фаррухзод
Суханронии Ҳомидҷон Назаров, сафири Тоҷикистон дар Фаронса
Шафақи Фаррухзод-ғиҷҷак ва Заррина Собирова-пианина
Абдувалӣ Абдурашидов
Абдувалӣ Абдурашидов бо ҳамроҳи Иршод Теҳронӣ
Абдувалӣ Абдурашидов бо ҳамроҳи Шафақи Фаррухзод
Шафақи Фаррухзод
Заррина Тоҷибоева
Барномаи гурўҳӣ
Поёни барнома
Заррина ва Шафақ
Дастархони Наврўзӣ
Дар канори дастархони Наврўзӣ
Поёни барнома
Ҳамроҳии меҳмонон дар поёни барнома
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ