Муҳоҷирон Фархорро чароғон карданд

Се ҷавон аз ноҳияи Фархор орзуи кӯдакии худро амалӣ ва кӯчаи назди манзилҳои падариашонро чароғон карданд. Баъди 20 соли торикии мутлақ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Фархор, се ҷавон аз ҳисоби даромадашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия дар зодгоҳи худ чароғ насб карданд.

Онҳо мегӯянд, тамоми солҳои кӯдакиашон ёд доранд, ки кӯчаи Турсунзода торик буд ва онҳое, ки шабона бо кадом зарурате берун мерафтанд, маҷбур буданд дар даст фонус бигиранд. Ин минтақа дар наздикии марзи Афғонистон воқеъ буда, дар ҳамин кӯчаи Турсунзода масҷиди панҷвақтаи ноҳия ва дидбонгоҳи сарҳадии рақами 3 ҷойгир аст. Раҳмон Ҳасанов, раиси маҳаллаи кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Фархор гуфт, бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ охирин чароғи кӯчаи онҳо ҳам хомӯш шуд.

«Муддати 20 сол кӯчаи мо равшаниро надида буд. Ин се ҷавон, ки ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, ба мо муроҷиат карданд ва гуфтанд, ки омода ҳастанд, пули насби чароғҳо бидиҳанд. Мо иҷозати шабакаҳои барқиро гирифтем ва пардохти маблағи барқро ҳам бачаҳо ба зимаи худ гирифтанд» — гуфт Раҳмон Ҳасанов.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.