Садама ҷони 2 ҷавонро рабуд

 Шоми 26-уми март дар пайи бархӯрди “Мерседес” бо симчӯби канори роҳ ду ҷавон ба ҳалокат расида, як нафари дигар дар беморхона бистарӣ шудааст.

Мувофиқи маълумоти  Вазорати корҳои дохилӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 23-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Роғун ба самти шаҳри Ваҳдат, дар километри 29-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст: “Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофир-марди 24-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.

Мусофири дигар — марди 24-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.