Ашраф Ғанӣ аз Президенти Тоҷикистон сипосгузор аст
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ҳамтои афғонаш Муҳаммад Ашраф Ғанӣ вазъи ноороми Афғонистон, бахусус дар минтақаҳои шимоли онро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президент ва Ашраф Ғанӣ ба мувофиқа расидаанд, ки дар таъмини амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир муштаракан иқдомоти муассирро роҳандозӣ намоянд: “Сарвари давлати Тоҷикистон истиқрори вазъиятро дар Афғонистони ҳамсоя омили амнияти тамоми минтақа дониста, пайгирии ҳамарӯзаи вазъи ин кишвари дӯст ва омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба расонидани кумаку мусоидати ҳамаҷониба ба давлату мардуми бародари Афғонистон ҷиҳати расидан ба ормонҳои сулҳу субот бо роҳи решакан кардани терроризму ифротгароӣ ва таъмини ваҳдату оштии миллӣ таъкид карданд”.
Ашраф Ғанӣ ба Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити муносиб барои табобати афсарону сарбозони Афғонистон дар шифохонаҳои Тоҷикистон изҳори сипос кардааст. Дар охири суҳбат Ашраф Ғанӣ аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кардаст, ки дар вақти барояшон муносиб даъват аз Афғонистон боздид кунад: “Ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мӯҳлати баргузории сафари мазкур бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад”.
Суҳбати раисони ду кишвари ҳамсоя дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳафтаи охир ҷангҷӯёни Толибон ноҳияи Зебоки Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистонро таҳти тасарруф дароварданд. Тибқи иттилои расонаҳо феълан даргириҳои шадид барои чанд улусволӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон, аз ҷумла ноҳияи Зебок ҷараён доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ