Муҳиддин Идиев аввалин барандаи Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳи Шерализода (акс)

Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳи Шерализода шоми 6-уми май зимни як чорабинии мутантан дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси Душанбе» ба рӯзноманигор Муҳиддин Идиев тақдим карда шуд.

Ин Ҷоиза соли 2016 аз ҷониби Гурӯҳи муассисон ва мушовараи  ҳафтаномаи «Тоҷикистон» таъсис ёфта, бори аввал ба баранда супорида шуд.

Зимни суханронӣ Шариф Ҳамдампур — сармуҳаррир ва раиси гурӯҳи мушовирони «Тоҷикистон» иброз намуд, ки ҷоизаи мазкур барои гиромидошти хотири журналистони қурбоншуда дар замони ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфта соле як маротиба ба беҳтарин қаламкаш супорида мешавад. Аввалин озмун барои дарёфти ин ҷоиза зери унвони «Сад сатр аз одаму одамгарӣ тӯли ду моҳ тариқи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» идома ёфт.

Ҳуринисо Ализода, рӯзноманигор ва барандаи ҷоизаи олии журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки аъзои ҳайати ҳакамони озмун буд зимни супоридани ҷоиза ба ғолиб қайд кард, ки ташаббуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» барои таъсиси чунин як ҷоиза сутуданист: «Мавзӯъи озмун, яъне «Сад сатр аз одаму одамгарӣ» ҳам дар замони муосир бисёр акталӣ аст. Вақте матлабҳоро мехондам, ба хулосае омадам, ки решаҳои одамгарӣ ҳанӯз дар ҷомеаи мо устувор аст. Албатта ҳамаи маводҳои нашршуда махсусияти худро доштанд ва моҳирона навишта шуда буданд, аммо чӣ илоҷ ки ғолиб ҳамеша якест»

Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳи Шерализода нишони сарисинагӣ буда, ҳамасола бо эълони озмун  дар мавзӯъи мушаххас ва натиҷагирӣ аз он ба ғолиб эъто мегардад.

Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳи Шерализода даврашакл буда, дар маркази он акси қалам ва аз ду тарафи он ду барги сабз ҳаккокӣ шудааст. Қалам рамзи эҷод ва баргҳои сабз рамзи ҷовидонӣ ва сарсабз будани қалам аст. Ҳамчунин, дар овезаи нишони сарисинагӣ Парчами Тоҷикистон акс ёфтааст ва қалам низ ба ҷониби парчам нигаронида шудааст, зеро  он рӯзноманигороне, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷон бохтанд, ба хотири якпорчагии Тоҷикистон талош мекарданд ва имрӯз низ рӯзноманигорон дар пайи нигоҳ доштани амнияту суботи кишваранд…

Ҳамчунин дар ин чорабинии чорабинии мутантан ба 24 ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ ҷоизаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд

 

محی‌الدین عیدی اف اولین برنده جایزه به نام مراد‌الله شیرعلی زاده

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *