Ашраф бо Толибон забон меёбад?

Рӯзи 28-уми ноябр дар шаҳри Женева президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфт, ки як ҳайати 12-нафариро барои музокироти сулҳ бо Толибон сафарбар хоҳад кард.

Раҳбари Афғонистон ҳангоми суҳат бо хабарнигорон дар конфронси зери сарпарастии СММ гуфт, сардори дафтари идораи раёсатҷумҳурии Афғонистон раҳбарии ҳайати музокиракунандаро бар дӯш мегирад. Ашраф Ғанӣ илова кард, ки дар ҳамин чаҳорчӯб як шӯрои машваратӣ низ ташкил хоҳад шуд, ки дар он намояндагони нуҳ кумитаи мухталиф шомил хоҳанд шуд. Раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ки иқдомҳои ҳукумат аз панҷ марҳила иборат хоҳанд буд — ибтидо музокироти миёни тарафҳои афғон, сипас машварат бо Покистон, Амрико ва дигар кишварҳои муҳими минтақа. Ҳамчунон дар ин машваратҳо кишрварҳои арабӣ, паймони НАТО ва муттафиқони паймони НАТО ҳамроҳ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *