Модаркуш 22 сол гирифт

Суди шаҳри Душанбе сокини 35-солаи пойтахт Усмонов Дилшод Ҳакимовичро барои одамкушӣ ба 22 соли зиндон маҳкум кард.

Ин фарзанди нохалаф шоми 29 сентябр дар ҳолати мастӣ ба хона баргашта, модари 62-солаашро, ки мехост фарзандашро насиҳат карда, аз ин роҳи бад баргардонад, 11 зарбаи корд задааст. Модар бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи «Сипар – Ахбори ВКД” хабар дод, ки Усмонов Дилшод Ҳакимович, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе бо ҳукми суди  пойтахт бар асоси қисми дуюми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои одамкушӣ ба 22 соли зиндон маҳкум шуд. Дилшод Усмонов санаи 29 сентябр, тақрибан соати 19-и шом, вақте дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиашон бармегардад, насиҳатҳои модарро баракс қабул карда, нахуст модарашро дашномҳо қабеҳ додаву шаъну шараф ва иззату эҳтироми модарро поймол кардааст.ВКД мегӯяд, ки дар рафти тафтиш «муайян карда шуд, ки сабаби асосии ин муноқиша, ки оқибат ба куштор анҷомид, аз як ҷиҳат агар аз ҳад зиёд нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ бошад, аз ҷониби дигар, нишондиҳандаи сатҳи ниҳоят пасти маърифати инсонии маҳкумшуда мебошад.” Бо ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе, Дилшод Усмонов 22 сол ҳукмашро дар зиндони низомаш сахт бояд адо кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *