Ашрофият. Ё вақте академик чӯпон боқӣ мемонад…
Қишре, ки ҳоло дар ҷомеа қариб ки намебинем, ё намояндагонаш ниҳоят каманд, ҳамин қишри ашроф аст. Баробари юнониву русии ашрофият аристократизм мебошад. Хулқу хӯи ҳамидаашон — виҷдони бедор, илми боамал, муомилаи нек бо атрофиён, олиҳиммативу шаъну эътибори одамӣ, меҳрубониву шафқат ва даҳҳо хисоли дигар аст. Ҳарфи дағал, хашму ғазаб ва макру фиреб, хандаи баланд, лофу газоф хоси ин қишр нест. Муҳимтарин нишонаи ашрофият соҳиби андешаи худӣ ва иродаи озод будан, раҳ надодан ба таҳқири шахсияти хештан аст.
Намунаҳои ин ахлоқ ва соҳибони онро аз таърихи Шарқу Ғарб зиёд дарёфтан мумкин аст. Масалан, яке аз шоҳзодагони аҳди Қоҷор бо духтаре аз қишри боло издивоҷ мекунад ва дарҳол мефаҳмад, ки арӯсаш аз каси дигар ҳомила будааст. Аз духтар мефаҳмад, ки он ҷавон аз табақаи поёнист ва имкони якҷо шуданашон нест. Рӯзи дигар он духтарро ба назди волидонаш бурда, ба хотири ранҷу озор надидани он духтар мегӯяд, ки зиндагии якҷои онҳо имкон надорад.
Дурӯғи маслиҳатомезро ба кор мебарад: ошкоро мегӯяд, духтар чун фаришта беайб аст, аммо ӯ худаш нуқсе дар мардӣ дорад ва наметавонад ин духтарро хушбахт созад. Номи он ҷавонеро мегирад, ки духтар аз ӯ ҳомила буд: ҳамон ҷавонро ҳамчун дӯсти худ муаррифӣ карда, хоҳиш мекунад, ки духтарашонро ба ақди никоҳи он ҷавон дароранд. Ҳамин тавр, масъала хеле одӣ ва роҳат ҳал мешавад: ҳам духтар назди падару модараш муҳтарам мемонад ва ҳам ҷавонони ошиқ ба висоли деринтизор мерасанд…
Намунаи дигар — яке аз қаҳрамонони романи Шарлотта Бронте “Ҷен Эйр” ҷаноби Рочестер аст, ки новобаста аз молу ҷоҳ ва мақоми баландаш Ҷени хидматгорашро самимона дӯст медорад… Ё аз романи “Декамерон”-и Ҷованни Боккаччо чанд мисол овардан мумкин: масалан, шоҳдухтаре, ки асир уфтода, дастобадаст ба ихтиёри 9 кас монда, билоқибат ӯро ашрофзодаи дӯстдораш наҷот медиҳад ва издивоҷ мекунад. Дар асрҳои миёнаи Аврупо табақаи ба ашрофия монанд — баҳодурон (ритсарҳо) буданд, ки беҳтарин хулқу хислати одамиро доштанд. Онҳо ҳатто бо фоҳишагон чун одамони дорои шаъну эътибори ба худашон хос муносибат мекарданд, дасти бенавоён мегирифтанд, адолатро меъёри асосии ҳокимият меҳисобиданд…
Дар Шарқ низ табақаи ашрофияро бо хислатҳое чун ҳикмату шуҷоат, иффат, адолат, саховат, ҳилм, ҳаёву вафо ва раҳмату шафқат эътироф мекарданд. Убайди Зоконӣ “Ахлоқ-ул-ашроф” ном рисолае дорад, ки дар он чаҳор хислати нек — ҳикмату адолат ва иффату шуҷоатро хоси ин қишр медонад. Ӯ менависад: “Аз вақту замони мубораки Одами сафӣ то бад-ин рӯзгор ашрофи бани Одам ба машаққати бисёр ва риёзат ба камоли фазоили арбаа (яъне чаҳоргона), ки он ҳикмату шуҷоат ва иффату адолат аст, саъйи балеғ ба тақдим расонидаанд ва онро сабаби саодати дунё ва наҷоти уқбо шумурдаву гуфтаанд:
Ба ҳар мазҳаб, ки бошӣ, бош некукору бахшанда,
Ки куфру некхӯӣ беҳ зи ислому бадахлоқӣ…”.
Дар мо намояндагони ин қишрро ёфтан хеле мушкил аст, ҳаст, аммо ниҳоят кам… Ҳатто дар пойтахт чунинҳо ками дар каманд. Чаро? Чунки хулқу атвори музофотӣ, ҳамон тарзи гуфтору пиндору муомилаашонро, ки дар зодгоҳашон буд, бо худ овардаанд ва ҳеҷ не, ки дар симои онҳо намунаи ашрофият ба дида бирасад.
Шоҳиди баҳси аҷибе шудам: касе дидааст, ки кадом марде дасти хонумеро бӯсидааст. “Ин тақлид ба Ғарб аст, ин бадахлоқӣ аз ҳамон ҷо омадааст”,- мегуфт яке. Дигаре кафки даҳонашро парронда, мегуфт: “Ин расми мо нест, пеши роҳашро гирифтан лозим”. Савумӣ файласуфона изҳори назар мекард: “Ислом муқобили чунин амалҳост. Шаҳри якчашмаҳо ки рафтӣ, як чашматро пӯш…”.
Банда ҳам назари хешро гуфтам: “Ин расми ғарбиён нест, балки аз худи мост. Дар ойини митроия (хуршедпарастӣ) чунин суннат буд: мард баъди бархостан аз хоб, аввал дар об дасту рӯ мешуст, ба хуршед менигарист ва савумин коре, ки мекард, дасти хонумашро мебӯсид…”. Баъдан ғарбиён ин расмро аз мо гирифтанд, яъне истиқбол карданд ва ҳоло чунин менамояд, ки гӯё ин амал аз онҳо бошад… Ҳамин шартномаи никоҳ низ аввал дар Суғди қадим роиҷ буд (асрҳои 7-6 қабл аз милод), ҳоло бе ин қарордод дар Ғарб умуман издивоҷ намекунанд…
Ана баъд сар шуд “ҳуҷум” ба банда: ту ҳам кӯлоҳ мепӯшӣ, фақат ба Ғарб таваҷҷуҳ мекунӣ, ин мекунӣ, он мекунӣ… Агар ин баҳс миёни чанд деҳқони хокпоши камсавод ё тоҷирони ба фикри пулу мол овора мешуд, парвое надоштам, аммо дар ин гуфтумон номзаду докторҳои илм, аҳли қалам ширкат доштанд… Хавфи ман аз ин ҷост. Вақте ки зиёии мо пойбанди догмаҳост ва аз таърихи қавмаш огаҳ нест, чӣ ҷойи гила аз дигарон… Сухани Калдерон ба ёд меояд: “Чӯпон метавонад баъдҳо олим шавад, агар дурудароз худсозӣ кунад, хештанро тағйир бидиҳад, идора кардани забону ҷисми худро ёд гирад, вагарна узви академияи императорӣ шавад ҳам, ҳамоно чӯпон боқӣ мемонад…”.
Як шахсиятеро, ки дар ӯ тоҷики зиёии асилро бо ахлоқи ашрофӣ бубинӣ, қариб ки нест… Ё ҳатман касеро таҳқир мекунад, ё дар забонаш дашном аст, ё нисбат ба зан бераҳм аст, ё баланд сухан мегӯяд, ё баланд механдад, ё тамкин надорад, ё нафсашро идора карда наметавонад, ё дар толори пуродам чунон бо лаҳҷа суханронӣ мекунад, ки гӯё дар ҳузури ҳамдеҳагонаш бошад, ё шишту хезаш нафратовар аст, ё бо истифода аз мансаб аз касони аз худаш донову комил бо ҳар баҳона қасос мегирад, ё нотавонбинӣ мекунад, аз муваффақияту барори дигарон тангдил мешавад ва ғайраву ҳоказо…
Шояд солҳои зиёд лозим бошад, то чунин қишр ба вуҷуд ояд: инсонҳои комиле, ки натавонӣ аз кадом маҳал буданашонро муайян бикунӣ…
Тоҷики сарбаланде, ки зебо сухан мегӯяд, рост меравад, андешаи ростин дорад, озодандеш аст, ба ҳама эҳтиром дорад, талбандаеро аз сари роҳ хезонда, ҳамроҳ ба тарабхона мебараду паҳлуи хеш менишонад, дар муомила бо шоҳу гадо яксон аст… Ба намояндагони ҳама дину мазоҳиб эҳтиром дорад, озод мезияд, озод меандешад, ба ҳама хайрхоҳ аст…
Шумори ин тоифа кай бисёр мешавад, намедонам, аммо бовар дорам, ки аксарияти ҷамъияти моро дар оянда ҳаминҳо ташкил хоҳанд дод… Шояд баъди сари мову насли ҷавони имрӯза, аммо бовар дорам, ки чунин тоифа пайдо хоҳад шуд.
Ман чунин фикр мекунам…
Ҳафиз РАҲМОН, журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ