Роҳҳои мубориза бо пойҳои бадбӯй

Ман ҷавони олуфтааму тозагиро меписандам. Аммо як чиз маро нороҳат менамояд, ки ин арақкунии пойҳоям аст. Бо вуҷуди он, ки поямро пайваста мешӯям, боз ҳам арақ карда, бӯи нохуш пайдо мешавад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед.

РАҲИМҶОН аз ноҳияи Ёвон

Дар ҳақиқат ҳам пои баъзеҳо сахт арақӣ аст. Бӯи нохуш ҳангоми омезиш ёфтани арақ бо бактерияҳои пой пайдо мегардад. Дар ин сурат дезодоранти триклозан ё хлоргексидиндори махсус барои пой пешбинишударо истифода баред. Ғайр аз ин, шумо метавонед шабона поятонро ба маҳлулоби пӯстлохи дарахти булут (кара дуба) тар кунед. Ин тавсияҳо зуд ба шумо кумак мекунанд ва аз ин оризаи нороҳаткунанда наҷот меёбед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *