Ҳаштумин Ҷоми Президенти ҶТ оид ба теннис

Дар Душанбе, дар Корти тенниси тобистонаи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ду рӯз боз бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва “Соли ҷавонон”, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоҷараён дорад.

Дар ин мусобиқа 80-нафар (аз ҷумла 27 духтар) варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Туркия, Ӯзбекистон, Украина, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доранд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа аз ҷониби масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидов, раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон ба унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наргизахон Яҳёева, Анастасия Турсунова ба унвони Устоди варзиши Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Мусобиқа баъди маълумшавии ғолибон ва қардонии онҳо 27 август ҷамъбаст мегардад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *