Суратҳои занамро дар телефони ҷӯраам дидаму…

Номаеро да ҳамин сомона бо унвони аз “Аз арӯси телефонбоз гурезед, бачаҳо” хондаму ҳодисаи 6 сол пеш дар зиндагиям рӯй дода, пеши назарам омад. Барои чашми ҷавононро кушодан, мехоҳам онро ба хонандагони азиз қисса кунам, то ба дигар ҷавонмардон дарси ибрат гардад.

Падару модарам мехостанд маро бо духтари таги чашм кардаашон хонадор намоянд, вале мани аблаҳ якравӣ карда, ду поямро ба як мӯза андохтам, ки дӯстдоштаамро ба занӣ мегирам. Падару модарам бо дили нохоҳам хостгорӣ рафта, арӯси писандидаи маро келин карданд. Ҳамсарам бисёр духтари чаққону дидадаро менамуд ва ман аз шодӣ бе болу пар парвоз мекардам, вале…

Аз тӯйи домодиам 5 моҳ гузашта буд, ки дӯстонам маро ба дамгирӣ дар оғӯши табиат даъват карданд. Кош мемурдаму намерафтам ва ба сарам чунин ҳодисаҳои нанговар намеомаданд!

Хулласи калом ҳамроҳи бачаҳо дараи Ромит дамгирӣ рафтему қасд кардагӣ барин телефонам ба об афтида, аз кор монд. Аз як ҷӯраам хоҳиш кардам, ки телефонашро диҳад, то ба хона занг зада аз ҳолу аҳволи модар ва ҳамсарам бохабар шавам. Алишер чизе нагуфта телефонашро ба ман дароз кард. Вақте рақамҳои ҳамсарамро чидам, дар экран навиштаҷоти Манзура пайдо шуд. Фикр кардам, ки шояд рақамро хато чидам, вале се маротиба пай дар пай занг зада бошам ҳам, танҳо ҳамин ном пайдо мешуд. Ниҳоят аз он ҷониб гӯширо бардоштанд. Садои ҳамсарамро шунида хун ба сарам зад, вале сир бой надода, аҳволпурсӣ намудам ва телефонро хомӯш кардам. Ҳамсари ман Манзура не, Маҳлиқо ном дошт ва ман ҳайрон будам, ки чаро Алишер рақамҳои ӯро бо номи Манзура дар телефонаш сабт кардааст. Аз бачаҳо дуртар рафта, саҳифаи суратҳоро кушодам. Телефони Алишер пур аз аксҳои ҳамсари ман буд. Бо баҳонаи худро нотоб ҳис кардан бо бачаҳо хайрухуш карда ба шаҳр омадам ва рост ба компания рафта, рӯйхати зангҳои телефони ҳамсарамро бардоштам. Маълум шуд, ки занам рӯзи дароз на танҳо бо Алишер, балки боз бо чанд марди дигар низ чақ-чақ мекардааст. Шайтон васваса мекард, ки сари ин зани хиёнаткорро аз танаш ҷудо кун, вале барои як бевафо ҳаётамро сӯхтан нахоста, занамро бо кӯчу бандаш ба хонаи падару модараш бурдам ва ҳамаашро як ба як нақл карда, талоқашро додам.

Баъди ду моҳи хонавайрон шуданам падару модарам маро бо як духтараки хоксори деҳотӣ хонадор карданд. Имрӯз соҳиби оилаи обод ва фарзандони дӯстрӯ ҳастам, вале то ҳол хиёнати зани якумамро фаромӯш карда наметавонам, чунки ман ӯро содиқона дӯст медоштам.

Ба ҷавонон гуфтаниям, ки дар интихоби бахт саросема нашаванд. Духтареро ҳамсафари зиндагиатон интихоб карданӣ бошед, аввал ӯро нағзакак санҷед, то мисли ман фиреб нахӯред, ҷӯраҳо!

Набӣ, аз н. Ҳамадонӣ.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *