“Тифлакони диловар”-мусобиқаи варзишӣ фароғатӣ

 Бо иптикори агентии рекламавии Тайрон дар маркази савдои “Ашан”-и пойтахт мусобиқаи дави кӯдакони хурдсол, аз синни 10 моҳа то 3 сола баргузор гашт. Дар он зиёда аз 150 нафар кӯдакони хурдсол дар якҷоягӣ бо волидайнашон ширкат варзиданд. Тавреки дастаддаркорони чорабинии варзиши фароғатии “Тифлакони диловар” иброз доштанд он ба соли ҷавонон бахшида шудааст. Иштирокчиёни фаъол ва ғолибони чорабинӣ бо тӯҳфаҳои хотирмон азҷониби ширкатҳои “Тайрон”, “Малочная радост”, Evy Baby» ва маркази дилхушии “Аладин”  қадрдонӣ шуданд. Интизор меравад, ки ин чорабинӣ ба хотири фароғат ва дилхушии тифлакон ҳамасола дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор шавад. Гузориши муфассал бо аксҳо дар ҳафтаномаҳои “Точикистон”,”Оила”  “Рекламная газета” нашр мешавад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *