“Асирон”-и сарҳадчӣ ҷазо гирифтанд

Мақомоти Тоҷикистон се марзбонро, ки аввали моҳи июн натавонистанд аз худ дифоъ кунанд ва ба дасти сарҳадбонҳои Қирғизистон «асир» афтида, халъи силоҳ шуданд, ҷазо дод. 

Ҳодиса дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон бо Лайлаки Қирғизистон рух дода буд. Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 3-юми июл ба шарти фош нашудани номаш гуфтааст,ки  «сарҳадбонҳои тоҷик набояд ба «асорат»-и худ иҷозат медоданд». «Ин тасмим пас аз санҷиши қазия дар марз гирифта шуд. Чаро иҷоза доданд, сарҳадбонони қирғиз онҳоро гирифта бо худ бубаранд?» – гуфтааст  ӯ.Санҷиши мақомоти тоҷик нишон додааст, ки се сарҳадбони тоҷик баъди дастгир ё “асир” афтодан аз тарафи ҳамтоёни қирғизи худ латту кӯб низ шудаанд. Манбаъ гуфт, марзбонони тоҷик танҳо пас аз гузашти тақрибан 5 соат ва дахолати мақомоти баландпояи марзбонии кишвар аз боздошт раҳо шуданд. Дар солҳои Шӯравӣ чунин амал ҳамчун “хиёнат ба Ватан” арзёбӣ мешуд ва барои ин ҷазо то ҳукми паррон дода мешуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *