Имрӯз ҳавои номусоид дар назар аст

Шурӯъ аз имрӯз то 5 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар вилояти Хатлон  вазиши сахти шамол чангу ғубор ба амал меорад.

Дар ин бора сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Ахмедов хабар додааст.

Ба иттилои ӯ, аз 7 июл ҳарорати ҳаво боз рӯ ба баландшавӣ оварда, рӯзона дар вилояти Хатлон 44, ноҳияҳои тобеи марказ 41, вилояти Суғд 41, дар шаҳри Душанбе 38, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 35 ва дар шарқи он 25 дараҷаро ташкил медиҳад.

«Рӯзҳои 12 то 15 июл ҳарорат каме паст гашта, боз рӯ ба баландшавӣ меорад. Тибқи таҳлилҳо, даҳаи аввали моҳи июл гармтар омада, даҳаи дуюм ва сеюм чун меъёри муқаррарӣ, яъне монанд ба солҳои қаблӣ- на зиёд гарм ва на сард меояд»,-иброз дошт Ф.Ахмедов.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз ҳарорат дар қаламрави ҷумҳурӣ каме паст мефарояд. Дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +9+14 ва рӯзона +23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, вазиши сахти шамол то 12-17 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки боронӣ шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор мешавад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона +35+37 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *