Аслов бо Дидие Рейндерс вохӯрӣ кард

15 май дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи шашуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидие Рейндерс вохӯрӣ намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Белгияро матраҳ карданд.

Аз сатҳу сифати робитаҳои сиёсии ду кишвар дар партави боздидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Белгия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

С.Аслов ва Д.Рейндерс ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳои нави густариши ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Белгия ҳавасмандӣ баён намуданд. Дар ин робита, ба зарурати истифодаи имкониятҳои фарох дар самти тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, алалхусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ,ишора карда шуд.

Ҳамчунин атрофи масоили ҳамкории Тоҷикистону Белгия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *