Тоҷикистон мехоҳад, ки ба Хитой мева содирот кунад

Муовини  Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати парлумонии Чин таҳти роҳбарии Раиси Комиссия оид ба корҳои хориҷии Кумитаи Умумичинии Шўрои халқии сиёсӣ ва машваратии ин кишвар Пан Юнхэ мулоқот намуд.

Дар мулоқот, ки 15 май дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, тарафҳо ҳамдигарро ба муносибати 25- солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ табрик намуда, вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба, самтҳои афзалиятноки иқтисодии ҳарду кишвар ва дурнамои ҳамкории минбаъда табодули афкор намуданд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон иброз намуд, ки имрўз муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи ҳамкории стратегӣ қарор дорад. Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки ташаббуси роҳбари Чин «Як камарбанд — як роҳ»-ро дастгирӣ намудааст ва интизор меравад, ки ин ташаббус ба рушди иқтисодии кишварҳои Шоҳроҳи абрешим таъсири мусбат расонад.

Муовини Сарвазир таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имкониятҳои васеи истеҳсоли меваҷоти гуногуни аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад ва афзун намудани ҳаҷми содироти он ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба манфиати мутақобилаи тарафҳо хоҳад буд.
Бо мақсади амалӣ гардонидани ин иқдом муовини Сарвазири мамлакат пешниҳод намуд, ки ҷониби Чин масъалаи ба имзо расонидани Протоколи фитосанитариро ҳарчи тезтар бояд мавриди баррасӣ қарор диҳад, то содироткунандагони маҳсулоти тоза ва хушки кишоварзии Тоҷикистон имкони воқеӣ пайдо кунанд, ки маҳсулоти худро дар бозорҳои Чин пешкаши мардуми ин кишвари дўст гардонанд.

Ҳамчунин тарафҳо дар хусуси лоиҳаҳое, ки айни ҳол дар баррасии ҷониби Чин қарор доранд, аз ҷумла хати лӯлаи гази Чин-Осиёи Марказӣ, сохтмони хати интиқоли барқ (ХИБ) 500 кВ, Неругоҳи барқи ҳароратии (НБҲ) Фон-Яғноб 600 мВт изҳори ақида намуданд.Таъкид гардид, ки татбиқи саривақтии ин лоиҳаҳо дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва минтақа аҳамияти калон доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *