Аслов дар Брюсел

Дар шаҳри Брюссел 18 май вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия Лукаш Паризек баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Словакияро баррасӣ карданд.

С. Аслов ва Л. Паризек ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳангию башарӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. Дар ин радиф, ҷонибҳо нақши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ ва суҳбатҳои соҳибкории ду кишварро, ки моҳи ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе барпо гаштанд, баланд арзёбӣ карданд.

Мусоҳибон ҳамчунин доир ба ҳамкории Тоҷикистону Словакия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *