1200 зан дар Рашту Хатлону Суғд бемории силанд?

Даҳаи дуюми моҳи майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Лотос” мизи мудаввар баргузор гашт.

Мавзӯи нишаст “Пешгирӣ ва табобати бемории сил дар байни занон” буд. Дар ҷамъомад намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, USAID, Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ва дигар намояндагони кумитаю идораҳо ва ВАО иштирок доштанд. Дар ҷамъомад оид ба дарёфт ва пешгирии бемории сил байни занони кишвар, бо дастгирии USAID ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ роҳандозӣ намуданд. Барномаи мазкур аз соли 2016 инҷониб дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” як қатор чорабиниҳо, ба монанди «Рӯзи дарҳои кушод барои занон»-ро дар минтақаҳои дурдасти кишвар аз ҷумла вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт гузаронида шудааст. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ, аломатҳо ва табобати бемории сил мебошад.

Дар натиҷаи чорабиниҳои гузаронидашуда маълум гашт, ки зиёда аз 5000 зан маълумоти заруриро оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемории силро аз худ намудаанд. Баъд аз ин барнома беш аз 1200 занони минтақаҳои мазкур, ки аломатҳои бемории силро доштаанд ба ташхис фаро хонда шуданд. Дар баробари ин, 26 ҳолати нави бемории сил дарёфт шуд, ки ба табобат фаро гирифта шуданд. Дар назар аст, ки чунин чорабинӣ дар деҳаҳои дигари ноҳияи Рашт баргузор шавад, то ки савияи дониши тиббии онҳо ба ин мавзӯъ зиёд гашта, нисбат ба саломатии хеш бепарво набошанд. Дар баробари коҳиш додани сатҳи беморони сил бо маслиҳату чорабиниҳо ҳамчунин бо дорувории гуногун тобовар ба тоҷикистониён фиристода шуд. Барномаи мазкур барои панҷ сол таҳия шуда, тахминан $ 13,2 млн ҷудо шудааст. Мақсади иқдом беҳтар сохтани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва дармон, дастгирии низоми табобати ба мизоҷон нигаронидашуда, ҳамчунин таҳкими озмоишгоҳҳо ва дигар сохторҳои низоми тандурустӣ мебошад.

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *