Профессор Атахон Сайфуллоев даргузашт

Олими шинохта, доктори илмҳои филология,  профессор Атахон Сайфуллоев дар синни 84-солагӣ ба таври ногаҳонӣ аз дунё даргузашт. Аҳли қалами кишвар марги ин олими пуркори тоҷикро талафоти бузург барои адабиёти тоҷик арзёбӣ мекунанд.

Атахон Сайфуллоев 1 майи соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соли 1955 факултети филологияи Донишкадаи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. Соли 1958 аспирантураи Институти педагогии ба номи Т. Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ)-ро хатм карда, муддате дар Институти забон, адабиёт ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст. Баъдан, мудири кафедраи адабиёти Институти педагогии Ленинобод (1965-1968), котиби масъули Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1968-1973), сармуҳаррири Сарредаксияи Энсиклопедияи советии тоҷик (1973-1985), мудири шуъбаи ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва муносибатҳои миллии КМ ҲК Тоҷикистон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи адабии «Паёми Суғд»  будааст.

Профессор Атахон Сайфуллоев  аз муҳаққиқони пуркор ва мунаққидони борикбини адабиёти мо ба ҳисоб рафта, муаллифи қариб 70 китоби илмӣ –тадқиқотӣ ва бадеиву публитсистӣ мебошад. Китобҳои ӯ «Тафаккур ва образ», «Мактаби Айнӣ», «Мирзо Турсунзода», «Аркони сухан», «Малики адаб. Сайре дар гулшани рози Хоҷа Камол», «Садриддин Айнӣ-Қаҳрамони Тоҷикистон», «Зуфархон Ҷавҳарӣ. Таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёт» «Фурӯғи маънавият», «Ҳалқаҳои пайванди адабӣ», «Уфуқҳои тозаи наср» (дар се ҷилд), «Паёмбари ишқ» (доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ) ва ғайра аз тадқиқотҳои калидии адабиёти тоҷик маҳсуб меёбанд.

Атахон Сайфуллоев дар баробари фаъолияти муҳаққиқиву мунаққидӣ ба иншои асарҳои бадеӣ машғул шуда, қиссаҳояш таҳти унвони «Шаби бехобӣ», «Тақдир», «Зӯртар аз тақдир», «Шоҳиди ошёни худ», «Гулшакар» (ҳикояҳо) , «Ҷасорати Борбад» ва маҷмӯаи шеърҳояш таҳти унвони «Армуғони дил», «Чаманоро», «Таронаи Ваҳдат ва муҳаббат» ба дасти хонанда расидаанд. Ҳамчунин, пйесаҳои «Бомдоди ошиқон», «Умри ҷовид», «Хуршедсавор», «Ҳафт манзар», «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо»-и номбурда дар саҳнаи театрҳои ватанӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Аҳли қалами ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз марги доктори илмҳои филология, профессор Атахон Сайфуллоев андуҳгин буда, ба пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *