Афзалшои Шодӣ 1200 сум ба Хирс дод

Бегоҳии имрӯз тибқи эълону рекламаҳо дар театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ нахустнамоиши “Хирс” баргузор гашт.  Ин намоишномаро Аъзам Розиқ коргардонӣ карда, Абдукарим Машраб (дар нақши Смирнов), Таҳминаи Салим (Попова) ва Шаҳзоди ниёз (Лука) нақшофарони асосии он буданд.

Намоишнома бо иштироки ҳунармандони собиқадору ҷавон ва ҳаводорону дилбастагон дар толори “Наврӯз” – и театр бо як самимият ва дастгирии нақшофарон оғоз ва ҷамъбаст шуд.

Ин намоишнома аз рӯи асари А. П. Чехов ба саҳна гузошта шуда, мазмунан қисса мекард, ки нафаре аз дунё мегузарад ва ҳамсари ӯ — Попова беш аз як сол ҷомаи мотам ба бар карда, аъзодорӣ мекунад, то исбот намояд, ки шавҳари марҳумашро дӯст медошт. Рӯзе Смирнов барин шахс дари ӯро зада, меҳмони нохонда мешавад. Ин  нафар даъво мекунад, ки раҳматии шавҳари Попова аз ӯ 1200 сум қарздор аст ва бояд пулро худи имрӯз баргардонанд. Зан бошад, ба Смирнов, ки баъдан ӯро “Хирс” тахаллус мекунад, ваъда медиҳад, ки рӯзи дигар пулашро медиҳад, аммо ӯ розӣ намешавад.

  Баъд аз моҷароҳои тӯълонӣ  ҳамдигарро дӯст медоранд ва якҷо зиндагӣ мекунанд.

Дар охири саҳна чун навбати сӯхан ба Афзалшои Шодӣ расид, ӯ Лутфуллои Давлат ва дигар ташкилкунандаҳоро  аз номи Флиармония табрик карда, ба Хирс ваъда дода гуфт: “1200 сума ман худам ба ту медиҳам…” Дар ҳамин ҳол Лутфулло луқма партофта қайд намуд, ки Афзалшо дар як рӯз агар 10 – 11 дуруғ ҳам, ки гӯяд, лекин ин ваъдааш рост буд. Афзалшо барои исботи гӯфтаҳои боло дар ҳузури ҳама беш аз 1000 сомониро ба рӯи мизи саҳна гузошт.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *