Дастгиршавии дузди ноболиғ

Ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Сино зани 60-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 6 марти соли 2017, тахминан соати 17:30 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар Варзишгоҳи марказӣ ҳамёнашро, ки дар дохилаш як адад корти «Ориёнбонк» ва 750 сомонӣ, ҷамъ 2 ҳазору 600 сомонӣ маблағ буд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ писарбачаи 16-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи яке аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи далели мазкур тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *