Қатли толибилмон дар мактаб

Тавре ,ки бо истинод ба пулис ВВС хабармедиҳад, дар яке аз мактабҳои шаҳри Паркленд, штати Флорида ҷавони 19 сола Николас Круз, ки собиқ хонандаи ҳамин мактаб буд, 17 нафарро аз яроқи оташфишон ба қатл   расонд. Қотил аллакай дастгир шудааст. Дар байни захмиёни ин ҳодиса, ки 14 нафарнд,  писари муовини шериф (роҳбари пулисҳои минтақа) низ будаастт. Тавре шоҳидони ҳодиса нақл кардаанд, Круз аввал бонги изтироби сӯхторро ба кор андохтааст ва вақте, ки хонандагону муаллимон саросема аз бинои мактаб берун мешуданд, тирандозиро оғоз кардааст. Ин хонанадаи собиқ дар гузашта бо сабаби  бетартибиҳояш аз мактаби мазкур ронда шуда будааст. Президент Трамп вобаста ба ин ҳодиса дар саҳифаи Twitter-и худ навиштааст, ки набояд ҳар як хонанда ва муаллим дар мактабҳои Амрико худро дар хавафу хатари доимӣ эҳсос намояд.Азбаски дар ИМА фурӯши яроқи оташфишон ба аҳолӣ озод аст, аллакай чанд ҳодисаи тирпарронию куштор дар мактабҳои ин кишвар,ки аз ҷониби ноболиғон сурат мегарад, ба мушоҳида расидааст.

Дар мактабҳои Тоҷикистон низ таи се-чор соли охир ҳодисаҳои бо ҳамдигар моҷаро кардану дар ин моҷароҳо аз яроқ (корду теғҳои гуногун) истифода бурдани хонандагони мактабҳои Душанбе расонаӣ шуда буд. Дар яке аз чунин ҳодисаҳо ҳатто як нафар хонандаи мактаби  № 54   ҳалок гардида буд.  Шукр, ки дар кишвари мо фуруши озоди яроқи оташфишон озод нест, вагарна Худо медонад чӣ мешуд..

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *