Дар назди Оҷонси амнияти миллии Амрико тирандозӣ сурат гирифт

Бар асари тирандозӣ дар назди Оҷонси амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико се нафар осеб дид. Хабаргузории Reuters рӯзи 14-уми феврал навишт, ки як гумонбар боздошт шудааст.

Дар бораи ин ҳодиса ба президент Доналд Трамп гузориш доданд.

Бинои Оҷонси амнияти миллии Амрико дар аёлати Мэриленд ҷойгир аст. Ҳодиса дар даромадгоҳи ситоди Оҷонсӣ рух дод. Бино ба навиштаи матбуот, дар назди даромадгоҳ, ки тирпарронӣ онҷо ҷараён гирифт, як мошини сиёҳ ба панҷара бархӯрд.

Ҳуввият ва ангезаи ҳамлагар маълум нест. Тафтиш идома дорад. Дар ҷойи ҳодиса ходимони FBI кор мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *