Қатли ом дар водии Вахш ё хотираҳо аз даврони ҷанг

Зархаридоне, ки масти пуштибонии хоҷагони хориҷияшон буданду теғи тоҷиккушашон тез буд, вориди деҳа шуданд ва ба қатли омм шуруъ карданд.46 нафарро бо сим дастонашонро пушташон бастанду болои «самосвали ЗИЛ» партофтанд ва бурданду аз рӯи кӯпрук ба дарё чаппа карданд. …одамони зиндаро ҳамчун хасу хошок аз рӯи самосвал чаппа карданд…

Абдулло ДАВЛАТОВ

Баъди маҷлиси «тақдирсозӣ» 16ум деҳаи мо тирборон шуд. Зархаридони хориҷие, ки гуё «сохтори конститутитсионӣ»ро барқарор мекарданд зодгоҳамро зери тасмаҳои оҳанини танкҳову зиреҳпӯшонашон ба дарёи хун табдил доданд.
Акаи Абдуманон, акаи Ҷамил, акаи Сайдамин, ки обчӣ буданд ва даҳҳои дигар, ки пашшае аз онҳо озор надида буд, аз деҳа берун нарафтанд. Гумон карданд, ки ба бегуноҳон кордор нахоҳанд шуд. Аксари ҳамдеҳагонам чунин гумон доштанд.
Аз ҷумла Аҳмад ҳам чунин гумон дошт.
Дар 10 соли мактаби миёна ва 5 соли таҳсили донишгоҳ (факултаи мо 6 сола буд, аммо ӯ дорӯсозӣ хонда буд, ки 5 соли таҳсил дошт), боре надида будам, ки Аҳмад бо касе хархаша карда бошад: марде буд бо тамкин, сабур ва хеле содиқу одамдӯст!
Зархаридоне, ки масти пуштибонии хоҷагони хориҷияшон буданду теғи тоҷиккушашон тез буд, вориди деҳа шуданд ва ба қатли омм шуруъ карданд: Аҳмадро бо падараш акаи Раҳмат аз сари дастархон бурданду дигар касе онҳоро надид…
46 нафарро бо сим дастонашонро пушташон бастанду болои «самосвали ЗИЛ» партофтанд ва бурданду аз руи кӯпрук ба дарё чаппа карданд. …одамони зиндаро ҳамчун хасу хошок аз руи самосвал чаппа карданд…
Акаи Ҷамил, мӯйсафеди нуроние буд, ки риши сафеди дароз дошт. Ба дасти қотилони «сохтори конститутсионӣ» уфтод.
Дастонашро бо сими алюминӣ бастанду ба хирмане, ки пахта хушк мекардем, бурданд. Чун мардҳои дар деҳа мондаро кушта буданду чанд кампире монда буд, ҳамин кампирҳоро ҳамчун «тамошобин» ҷамъ карданд…
Дастҳои акаи Ҷамилро бо сим дар пушташ бастанд ва ришашро …оташ заданд.

Риши тар месӯхт…
Акаи Ҷамил худро ба руи асфалти хирман партофту кушиш мекард оташи тарсӯзи ришашро хомӯш кунад…
Кампирҳои зинда монда нақл мекарданд, ки ҳатто болшевикони кофир ин қадар зулм накарда буданд!
Кампирҳои солхӯрда гуфтанд, ки маънии «фиғони осмонкафро» ҳамонҷо дарк карданд.
Фиғони осмонкаф суханбозӣ набудааст….

Бознашр аз Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *