12 сабаби ба зӯроварӣ гирифтор шудани занону духтарони тоҷик

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Шератон”-и шаҳри Душанбе  бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи хушунат нисбати занону духтарон ва оғози 16 рӯзи фаъол ба муқобили зӯроварии гендерӣ мизи гирд баргузор гардид.

Мизи гирд таҳти сарпарастии Намояндагии СММ дар Тоҷикистон баргузор гардида, дар он намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳо иштирок доштанд. Дар ибтидо  Намояндаи доимии дафтари СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибха Мехта сухан карда, хушунат алайҳи занону духтаронро яке аз мавзӯъҳои доғи ҷомеа унвон карда, иброз дошт, ки  он  ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи  СММ қарор дорад.

“Куштор, зӯроварӣ нисбати занон, гум шудани кӯдакону духтарони ноболиғ, одамрабоӣ, ҷалби занону духтарон ба фоҳишагию танфурӯшӣ, бо роҳи фиреб, бо ваъдаи кори седаромад ба хориҷи кишвар ба ғуломӣ бурдани занони тоҷик аз мавзӯъҳое ҳастанд, ки ҳафтаномаи «Оила» ва сомонаи www.tajikistantimes.tj  ҳамеша пайгирӣ ва инъикос менамоянд”,- иброз дошт Шариф Ҳамдампур, директори генералии ҶДММ “Оила”. Ба  андешаи  номбурда,  ҷониби “Оила”  қариб 20 сол ин масъаларо ҳамаҷониба омӯхтаву дар ин муддат бо ҳазорон занону духтарони ба хушунат гирифторшуда ҳамсуҳбат гаштааст.

Шариф Ҳамдампур  сабабҳои асосии ба зӯроварӣ гирифтор шудани занону духтарони тоҷик чунин арзёбӣ кард:

  1. Дар як хона ҳамроҳи хусуру хушдоман ва дигар пайвандони шавҳар зиндагӣ намудани оилаҳои ҷавон ва тангии муҳити зист. Ҳар қадар оила калон бошад, ҳамон андоза мушкилоташ зиёдтар мешавад.
  2. Фурӯ рафтан ба фанатизми исломӣ.
  3. Зан-келинро ҳамчун як хизматгор қабул намудани иддае аз мардум.
  4. Набудани маърифати оиладорӣ ва ҳурмату эҳтироми тарафайн.
  5. Мушкилоти иқтисодӣ ва камбудии рӯзгор.
  6. Рашк ва набудани боварӣ байни зану мард.
  7. Ба муҳоҷират рафтани қисмати зиёди ҷавонмардони тоҷик ва бе муттако мондани занҳо.
  8. Паст будани сатҳи дониш, маърифат ва саводнокии занону духтарон.
  9. Надоштани ҷойи кор ва шуғле, ки даромад оварда тавонад.
  10. Вобастагии иқтисодии зан аз шавҳар ва дигар аъзоёни оила.
  11. Косташавии ахлоқ дар ҷомеаи муосир.
  12. Зудбоварӣ ва осон ба доми фиреб гирифтор шудани занону духтарони тоҷик.

Дар мизи гирд иштирокчиён мавзӯи оила ва хушунат нисбати занону духтаронро мавриди баррасӣ қарор дода, хулосабарорӣ   намуданд. Интизор меравад, ки аз 23 ноябр то 7 декабр дар қаламрави ҷумҳурӣ, байни ташикилоту идораҳо, аҳолӣ  аз ҷониби Намояндагии СММ дар Тоҷикистон тавассути ташкилотҳои ҳамкор варақа, маълумотнома, гарданпеч (шарф)-ҳои махсус   дар бораи пешгирии хушунат дар оила тақсим карда шавад. Инчунин, дар ин рӯзҳо вохурӣ ва чорабиниҳои  омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *