Ҳатмӣ шудани маълумотномаи КДАМ барои таъсиси расона

Барои таъсиси нашриёт, матбаа ва ё нашрияи даврӣ дар Тоҷикистон минбаъд маълумотномаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зарур хоҳад буд. Ин талабот дар “Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ” зикр шудааст.

Ин тартиб, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 25 феврали имсол дар таҳрири нав тасдиқ шудааст, муаассиони нашриёт, матбаа ва ё нашрияҳои давриро вазифадор мекунад, ки ба ҷуз аз хулосаи Оҷонсии “Тоҷикстандарт”, Хадамоти оташнишонӣ ва маълумотномаи тиббӣ, инчунин, маълумотномаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро дошта бошанд. Ҳарчанд дар ҷое ин ҳуҷҷат тавзеҳ дода намешавад, ки маълумотномаи Кумитаи амнияти миллӣ чӣ маълумотеро бояд дар бар бигирад.

Абдумалик Сафаров, мутахассиси пешбари раёсати табъу нашр ва матуботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, тартиботи нав ба хотири танзими хубтари ин соҳа ҷорӣ шудааст. Ӯ афзуд, “пеш аз сабт аз ниҳодҳои гуногун муаассисон бояд маълумотномаҳо биёранд. Масалан, маълумотномаи тиббӣ, ки худи ҳамон муассис саломат бошад. Бехатарии сӯхтор риоя шуда бошад”. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯянд, ҷорӣ шудани тартиботи нав, аз ҷумла талаби маълумотномаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳангоми таъсиси нашрия, матбаа ва ё нашриёт метавонад дар роҳи таъсиси нашрияҳои нав монеа эҷод кунад.

Сафаров гуфт, дар Тоҷикистон ҳоло аз нашрияву матбааҳои давлатӣ дида, хусусиҳо бештар аст ва ин аз он далолат мекунад, ки Вазорати фарҳанг дар роҳи сабти онҳо ҳеҷ монеа намегузорад ва гузоштанӣ ҳам нест.

Ҳоло дар Тоҷикистон бинобар иттилои ахири Вазорати фарҳанг 312 матбаа, 376 рӯзнома, 319 маҷалла, 10 оҷонсии хабарӣ, ва 71 нашриёт фаъоляит мекунанд. Аксарияти нашрияҳо, матбаа ва расонаҳо ба гуфтаи мақомот, хусусӣ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *