Зеботарин ҷавони сол интихоб шуд

Имрӯз, соати 11 дар бинои Шарқи Озод аз тарафи муассисаи нашриявии «Зан ва Мард» се нафар ғолиби озмуни «Зеботарин ҷавони сол» гаштанд, ки яке аз онҳо хабарнигори ҳафтаномаи «Оила» Рустам Азимӣ буд.

Сардабири ҳафтаномаи «Зан ва Мард» Меҳрафрӯз Неъмонзода ғолибонро бо туҳфаҳо сарфароз дониста, қайд намуд, ки озмуни мазкур тӯли 20 рӯз миёни 100 нафар ҷавондухтарону ҷавонписарон баргузор гашта, аз миёни онҳо ғолибон бо овозҳои зиёд муаян гашта, бо диплом, ва тӯҳфаҳои арзанда қадрдонӣ шуданд.

Тавре Рустам Азимӣ дар суҳбат гуфтааст, аз аксе, ки ба ин озмун пешниҳод намуда буд, ғолиб гаштанашро чандон боварӣ надошт. Бо дидани шумораи зиёди овозҳо хурсандияш ҳаду канор надошт.

Имсолро беҳуда соли «Ҷавонон» эълон надоштанд ва муассисаи номбурда азм дорад, ки боз чунин озмунҳои шавқоварро ба мардум эълон намояд.

Бо ғолибон шинос шавед:

Рустам Раҳимов, Фариза ва Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *