Атомуҳаммади Нур ба истеъфо рафт

Атомуҳаммади Нур, волии қудратманди вилояти Балхи Афғонистон аз мақомаш истеъфо додааст. Қаблан бархе аз чеҳраҳои наздик ба Атомуҳаммади Нур гуфта буданд, ки фишорҳо ба хотири истеъфои ӯ аз сӯи ҳукумат бештар шудааст.​

Дар хабарномаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон, ки рӯзи 18-уми декабр дар ихтиёри расонаҳо гузошта шуд, омадааст, ки Атомуҳаммади Нур чанде қабл истеъфояшонро ба президент Ашраф Ғанӣ пешниҳод карда буд ва раиси ҷумҳур низ онро пазируфтааст. Атомуҳаммади Нур то ба ҳол дар ин робита изҳори назар накардааст ва маълум нест, ки ӯ худ аз мақом канор рафтааст ва ё зери фишори Арки раёсати ҷумҳури Афғонистон ба истеъфо тан додааст.

Шоҳ Ҳусейн Муртазавӣ, сарпарасти дафтари сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон айни замон гуфтааст, ки Муҳаммад Довуд ба ҷои Атомуҳаммади Нур ба унвони волӣ ё раиси вилояти Балх, таъйин шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *