Садамаҳои маргбори як рӯз

Дар се садамаи рӯзи 16 декабр дар роҳҳои Тоҷикистон се нафар ба ҳалокат расиданд. Аз ҷумла бар асари чаппа шудани мошини тамғаи «Чанху” дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ мусофири 44-сола Ҳилолӣ Ҷафоев ба ҳалокат расида, ду мусофири зан ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба гузориши маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 16 декабр, соати 17:45 ронандаи автомашинаи тамғаи «ЧАНХУ”, Худобахшов Ахилл Олучаевич, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Хоруғ, бе ҳуҷҷати ронандагӣ, ки автомашинаи мазкур ба Будинов Маҳмадалӣ Нуралиевич, соли таваллудаш 1989, сокини н.Рӯдакӣ, тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Хоруғ ба самти н.Шуғнон, дар роҳи нақлиётгарди маҳаллаи Тем аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро аз баландии 3-метр чаппа кардааст.
Дар натиҷа мусофири дар дохили автомашина буда, Ҷафоев Ҳилолӣ Миралибекович, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Хоруғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, мусофирони дигари дохили автомашина: Отамбекова Марзия Каримдодовна, соли таваллудаш 1981 ва Орифшоева Амонсултон Шозодаевна, соли таваллудаш 1979, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Ҳамин тавр, рӯзи 16 декабр, тахминан соати 12:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра”, Саидов Муҳаммадёр Абдулатифович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Қӯрғонтеппа ба самти ш.Душанбе, дар ҳудуди н.Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Норова Бибигул, соли таваллудаш 1954, сокини деҳаи Аччии ноҳияи Хуросонро пахш намудааст.Дар натиҷаи садама пиёдагард, Норова Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳамон рӯзи 16-уми декабр, тахминан соати 12:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра”, Абдуллоев Худойдод Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1987, сокини н.Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти н.Варзоб ба самти ш.Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Р.Абдуллоев, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Саидова Ҳурматой Юсуфовна, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Саидова Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вазорати дохила мегӯяд, ин се ҳодиса таҳти таҳқиқ қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *