Қатораи ӯзбекӣ ба Иссиқкӯл омад
Баъд аз солҳои тӯлонии танаффус нахустин қатораи мусофирбари Ӯзбекистон ба истгоҳи Балиқчӣ расид. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад.
Ба иттилои ин вазорат, 150 мусофир аз Ӯзбекистон рӯзи 21 июн бо қатора барои истироҳат кардан ба Иссиқкӯл омаданд.
Сафари гуруҳии ширкатҳои саноатӣ ва муассисаҳои Ӯзбекистон барои сайёҳат кардан дар минтақаи сайёҳиву табобатии Иссиқкӯли Қирғизистон дар доираи созишномаи муштараке амалӣ мешавад, ки 22-23 май дар Тошканд ҳосил гардида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ