Бонки Ҷаҳонӣ барои Роғун пул намедиҳад, зеро….  

  Сирилл Мюллер, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ин ниҳоди молӣ бунёди нирӯгоҳи Роғунро сармоягузорӣ намекунад, чунки ҳукумати Тоҷикистон дар пайи пайдо кардани манбаҳои дигари сармоя барои ин сохтмон аст.

Бонки ҷаҳонӣ ба ҷои Роғун тарҳи бозсозии нирӯгоҳи Норакро сармоягузорӣ хоҳад кард, гуфтааст Сирилл Мюллер.

Хабаргузории Ройтерсгузориш дод, ки Тоҷикистон ҷӯёи сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ барои сохтани нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳими Роғун нест.

Сирилл Мюллер, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ ҳафтаи гузашта дар ҳошияи анҷумани байналмилалии об дар шаҳри Душанбе дар мусоҳиба бо Ройтерс гуфт, ин ниҳоди молӣ ба ҷои Роғун рӯи тарҳи бозсозии нирӯгоҳи Норак тамаркуз мекунад.

Мюллер гуфт: «Сабаби ин ки чаро мо ба Роғун сармоягузорӣ намекунем, ин аст, ки ҳукумат дар масъалаи Роғун чанд интихоб дошт ва онҳо мехостанд… ин равандро битезонанд ва тасмим ин шуд, ки кумаки Бонки ҷаҳонӣ дар сармоягузориҳои дигар дар бахши энергетика бештар ба манфиат аст. Мо дар ҳамкорӣ бо ҳукумат тасмим гирифтем, ки бозсозии нирӯгоҳи Норакро сармоягузорӣ кунем ва ин бузургтарин сармоягузории мо дар бахши энергетика дар марҳалаи кунунӣ хоҳад шуд.”

Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2015 хулосаи мусбати Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди нирӯгоҳи Роғунро ба даст овард ва бунёди ин нирӯгоҳро, ки бояд истиқлоли энергетикии кишварро таъмин кунад, ба ширкати итолиёвии «Салини” супурдааст. Ин ширкат ваъда супурдааст, ки сохтмони сарбанди 335-метрии нирӯгоҳро то моҳи ноябри соли 2018 анҷом дода, ду чархаи аввали Роғунро ба кор хоҳад даровард.

Аммо барои пурра сохтани ин нирӯгоҳ, ки бузургтарин нирӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, бино ба ҳисобҳо, то 4 миллиард доллар сармоягузорӣ лозим аст, ки ҳукумати Тоҷикистон чунин маблағро дар ихтиёр надорад.

Ҳар сол аз буҷаи давлатии Тоҷикистон барои бунёди Роғун аз ,7 то 2 миллиард сомонӣ, муодили ҳудуди 200 миллион доллар ҷудо карда мешавад, ки барои пурра сохтани он кофӣ нест.

Дар соли 2010, вақте ҳукумат барномаи мустақилона сар кардани сохтмони Роғунро ба даст гирифт, тавассути як маъракаи нимаиҷборӣ аз мардум ва корхонаҳову ширкатҳо барои бунёди нирӯгоҳи Роғун зери 900 миллион сомонӣ, ки бо қурби он замон тақрибан 186 миллион долларро ташкил медод, ҷамъ оварда шуд.

Ҳамин тавр, моҳи сентябри соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши баргаҳои қарзии Роғунро дар биржаҳои байналмилалӣ ба роҳ монд ва аз ин ҳисоб 500 миллион доллар сармояи қарзӣ ба даст овард, ки фоизи солонааш беш аз 7 дарсад буда, нисбат ба қарзҳои боимтиёзи ниҳодҳои байналмилалиии молӣ, назири Бонки ҷаҳонӣ, ба маротиб сангинтар аст.

Аз ин лиҳоз, ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун сармояи ниҳодҳои молиро низ ҷалб кунад.

Дар ҳоле ки Бонки ҷаҳонӣ аз сармоягузорӣ ба Роғун худдорӣ мекунад, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо Бетси Нелсон – муовини президенти Бонки аврупоиибозсохт варушд (БАБР) нирӯгоҳи Роғунро «яке аз бахшҳои афзалиятноки кишвар” номида, аз ин ниҳод хостааст, ки ба сохтмони Роғун сармоягузорӣ кунад. Нуралиев қабланду моҳ пеш масъалаи сармоягузории БАБР ба нирӯгоҳи Роғунро дар мулоқот бо Юрген Ригторинг, муовини дигари президенти ин ниҳоди молӣ низ дар миён гузошта буд.

Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин аз ниҳодҳои дигари байналмилалии молӣ, аз ҷумла аз Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки сармоягузории Аврупо низ даъват кардаанд, то дар сохтани нирӯгоҳи Роғун ба Душанбе кумак кунанд.

Як монеаи умда дар роҳи ҷалби сармоягузорӣ ба бунёди нирӯгоҳи Роғун дар тӯли солиён ҳукумати президенти қаблии Ӯзбекистон Ислом Каримов буд, ки мегуфт, бунёди нирӯгоҳҳои азим дар кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ заминҳои кишт дар кишварҳои поёнобро беоб гузошта, фоҷиаи экологии кӯли Аралро, ки беист хушк шуда истодааст, ҷиддитар мекунад. Баъди даргузашти Каримов ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, мавқеи Тошканд нисбат ба тарҳи Роғун нармтар шудааст.

Сирилл Мюллер, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ ҳам дар мусоҳибааш бо Ройтерс гуфт, беҳбуди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон имкониятҳои наверо барои ба хориҷ фурӯхтани нирӯи барқи тавлидкардаи нирӯгоҳи Роғун ва дигар нирӯгоҳҳои Тоҷикистон фароҳам меорад.

  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *